Home » People & Blogs » КУМАКИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК

КУМАКИ СОҲИБКОРИ ТОҶИК

Written By Bomdod TV on Friday, May 07, 2021 | 12:32 PM

 
Фирдавс Наимов, як соҳибкори тоҷики муқими шаҳри Маскав, дар моҳи шарифи Рамазон ба 33 донишҷӯ аз Афғонистон, ки дар мактабҳои олии пойтахти Русия таҳсил мекунанд, кумаки ғизоӣ расондааст. Дар ин бора Муҳаммад Собиров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик хабар дод. Муҳаммад Собиров навишт, ки гуруҳи донишҷӯён аз Афғонистон чанд вақт боз барои кумак ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат карда буданд, вале чанд тоҷири афғон ва ҳатто ҷамъияти шаҳрвандони Афғонистону сафорати Афғонистон дар Маскав ба далели надоштани шароит аз ироаи кумак ба ин донишҷӯён сар печидаанд. Муҳаммад Собиров навишт, ки баъди ноумед шудан аз чандин дар, “мисли ҳарвақта муроҷиат намудем ба бародари ғамхорамон, ки доимо муҳоҷиронро дастгирӣ мекунанд, акаи Фирдавс Наимов ва ӯ ба муҳоҷирони афғон, ки зиёда аз 33 нафар иборат буданд, кумак кардю Аллоҳи меҳрубон хайрашонро қабул кунад ва дар моҳи шарифи Рамазон давлаташонро аз ин дида зиёда гардонад ва Худованд саффи чунин бародарҳоро зиёд кунад!” Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав муассир ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” мебошад. Ин ширкат ба кашонидани бор дар қаламрави Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон машғул аст. Фирдавс Наимовро як соҳибкори дастбахайр тавсиф мекунанд, ки ҳамеша ба кумаки муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанҳои ниёзманд мерасад.